SIM-картаи шумо метавонад хомӯш карда шавад!

17:08 12.07.2025

SIM-картаи шумо метавонад хомӯш карда шавад!

Агар шумо SIM-корт дошта бошед, вале то ҳол маълумоти биометрии худро супорида набошед, эҳтимол дорад, ки алоқаи телефонии шумо маҳдуд карда шавад.

⚠️ Аз 1 июл дар Русия рақамҳои мобилии шаҳрвандони хориҷие, ки сабти биометрӣ нагузаштаанд, тадриҷан хомӯш карда мешаванд.

📌 Аз аввали соли 2025 барои сабти SIM-карта дар Русия гузаштан аз системае бо номи Системаи ягонаи биометрӣ (СЯБ) ҳатмӣ мешавад. Дар номи як шахс на бештар аз 10 рақами телефон сабт карда мешавад.

То ҳол зиёда аз 2 миллион шаҳрвандони хориҷӣ сабти биометриро гузашта, SIM-картаро тибқи қоидаҳои нав ба даст овардаанд. Агар шумо ҳанӯз ин корро накарда бошед, бо алоқа мушкилӣ пайдо кардан мумкин аст:

  • Рақамҳое, ки зиёда аз 3 моҳ фаъол набудаанд, фавран хомӯш карда мешаванд.
  • Рақамҳои фаъол бошад тадриҷан қатъ карда мешаванд: аввал зангҳои байналмилалӣ маҳдуд мешаванд, интернет суст мешавад ва пас аз 30 рӯз алоқа комилан қатъ мешавад.

📍Агар шумо дар қаламрави Русия бошед, тартиби аз нав расмӣ кардани шартнома чунин аст:

  1. Дар сомона ё барномаи «Госуслуги» бахши «SIM-картҳо»-ро кушоед ва бубинед чанд рақам ба номи шумо сабт шудааст.

  2. Рақамҳои иловагиро пӯшед — на бештар аз 10 адад бояд боқӣ монад.

  3. Бо шиноснома ба маркази алоқа равед ва шахсияти худро тавассути СЯБ тасдиқ кунед.

Агар шумо нияти ба Русия рафтанро дошта бошед, метавонед пешакӣ маълумоти биометрии худро тавассути барномаи RuID ирсол намоед.

Агар ин маълумот барои шумо муфид буд, онро ба наздиконатон фиристед ✈️

Хабархо

Мо муҳимтарин хабарҳо ва мақолаҳоро барои шумо нашр мекунем

TezPay - барнома барои интиқоли пулҳои қулай ва зуд

Барномаро насб кунед ва интиқол ва пардохтҳоро бо нархҳои хеле қулай иҷро кунед.

TezPay - барнома барои интиқоли пулҳои қулай ва зуд